Додгоҳи Рига як фаъоли тарафдори Кремлро барои ҳақ баровардани таҷовузи Русия ва Шӯравӣ ба се сол зиндон маҳкум кардааст. Дар ин бора портали Delfi хабар додааст.
Додгоҳ Елену Крейлеро ба он гунаҳкор кард, ки ҷиноятҳои ҷангии Русия дар Украина, ҳамчунин наслкушӣ ва ҷиноятҳои Шӯравӣ дар Латвияро сафед кардааст.
Дар қарори додгоҳ омадааст, Крейлери 56-сола мунтазам дар ҷамъомадҳо бо либос ва нишонаҳое ҳозир мешуд, ки дар онҳо аз ҳамлаи Русия ба Украина пуштибонӣ мешавад. Аз ҷумла ӯ халтае овардааст, ки дар он ҳарфи бузурги Z навишта шудааст. Елену Крейле ҳамчунин дар тирезаи хонааш парчами Русия ва навиштаи "Путин-дӯсти ман"-ро овехтааст.
Соли 2023 додгоҳ ин занро ба як сол ҳабси шартӣ маҳкум кард, аммо додситонӣ ин ҳукмро сабук дониста, аз болои он шикоят карда буд.