WP: Исроил ва "Ҳамос" барои ташкили ҳукумати муваққат дар Ғазза розӣ шудаанд

Рӯзномаи “Вашингтон Пост” ба нақл аз манобеаш гузориш дод, ки Исроил ва гуруҳи фаластинии “Ҳамос” ба тарҳи “ҳукумати муваққат” дар Навори Ғазза “мувофиқат кардаанд.” Музокироти ғайримустақими Исроил ва “Ҳамос” бо миёнаравии Қатар, Миср ва Амрико ин ҳафта дар Доҳа дубора оғоз шуд.

Ташкили “ҳукумати муваққат” як бахше аз созиши эҳтимолие аст, ки қарор аст ба ҷанг дар Ғазза поён диҳад.

“Вашингтон Пост” панҷшанбеи 11-уми июл ба нақл аз як манбаи огоҳ дар давлати Ҷо Байден навишт, Исроил ва “Ҳамос” розӣ шудаанд, ки ҳеч яке аз онҳо ҳукумати муваққат дар Ғазаро дар ҷараёни марҳилаи дуввуми тавофуқ ба уҳда надошта бошанд.

Талошҳои барои поён додан ба ҷанги нуҳмоҳа дар Навори Ғазза зиёд шудааст. Ҷанг миёни ду тараф дар Навори Ғазза нуҳ моҳ аст, ки идома дорад. Гуруҳи “Ҳамос”, ки дар ИМА ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ шинохта шудааст, талаб дорад, ки ҳама гуна созиш бояд поёни ҷанг ва берун рафтани артиши Исроил аз Ғаззарро дарбар гирад. Исроил ба ин шартҳо то ин дам розӣ нашудааст.

Даргирӣ дар Навори Ғазза аз моҳи октябри соли 2023 ба ин сӯ идома дорад.