Зани гумонбар Н.А. бар асоси бандҳои "қочоқи инсон" ва "ҷалби ноболиғ ба амалҳои ғайриҷамъиятӣ" гунаҳкор эълом ва 7,5 сол зиндонӣ шудааст.
Додрас гумонбарони боқӣ А. Ф. ва Ш. У.-ро низ бар асоси бандҳои мазкур ва “Таҷовуз ба номуси ноболиғ” 9-солӣ аз озодӣ маҳрум кардааст.
Қаблан Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Узбекистон Сурайё Раҳмонова хабар дода буд, ки алайҳи сокини ноҳияи Қаршӣ барои истисмори шаҳвонии ноболиғ тафтишот шуруъ гаштааст.
Ҷабрдида, сокини ноҳияи Пасдарғоми вилояти Самарқанд гуфтааст, ӯ дар пайи як нофаҳмӣ бо волидонаш хонаашонро тарк карда ва шиносаш ӯро бо худ ба ноҳияи Қаршӣ бурдааст.
Ба гуфтаи духтар, зани соҳибхона вайро ба фоҳишагӣ маҷбур кардааст. Духтар пас аз як муддат тавонистааст, аз хонаи зан фирор кунад.