Пулиси ноҳияи Октябри шаҳри Бишкеки Қирғизистон хабар дод, ки таҳқиқи сабабҳои марги Ойтурган Маматқуловаи 25-соларо оғоз кардааст.
Наздикони Маматқулова мегӯянд, ӯ дар натиҷаи лату кӯб ва шиканҷа шудан аз сӯи шавҳараш ҷон бохтааст. Ба гуфтаи онҳо, вақте ҷасади духтарашонро аз сардхона оварданд, дар он осори лату кӯб дида мешуд.
Пайвандони духтар ба суханҳои шавҳари Маматкулова, ки мегӯяд, ҳамсараш худкушӣ кардааст, бовар надоранд.
Ташхиси пешакӣ фарзияи худкушии Ойтурган Маматқуловаро тасдиқ кардааст. Вале парванда дар пайи шикояти волидони духтар барои таҳқиқи дубора аз шуъбаи пулиси ноҳияи Ленин ба шуъбаи пулиси ноҳияи Октябр фиристода шудааст.
Ойтурган Маматқулова моҳи июли соли гузашта ба шавҳар баромадааст. Ба гуфтаи пайвандон, ӯ пайваста шикоят мекардааст, ки аз сӯи шавҳараш лату кӯб ва шиканҷа мешавад.