Бахши навбатии кӯмакҳо инчунин тақдими системаҳои мушакии зиддиҳавоии Стингер, мошинҳои ҳарбӣ, зиреҳпӯшҳои M113, системаҳои мушакии зиддитанкии Javelin ва AT4, киштиҳои посбонӣ, воситахои мухофизати химиявй, биологй, радиологй ва атомиро пешбинӣ мекунанд.
Рӯзи 24 апрел президенти ИМА Ҷо Байден қонунеро имзо кард, ки бар асоси он ба Украина 61 миллиард доллар кумаки низомӣ ихтисос дода мешавад.
Худи ҳамон рӯз Пентагон дар бораи фиристодани бастаи аввалини кӯмакҳои низомӣ ба Киев ба маблағи 1 миллиард доллар хабар дод, ки аз ҷумла лавозимоти ҷангии HIMARS MLRS, мошинҳои ҷангии пиёдагарди Брэдли, мушакҳои дақиқи ҳавоӣ ва дигар силоҳҳоро дар бар мегирад.
Ба Украина инчунин барои пуштибонии иқтисодии кишвар 7,85 миллиард доллар қарз дода мешавад.