Раҳматшоҳ Қурбонов – ронандаи автобуси дар Петербург ғарқшуда гумонбар эълон шудааст

Дар шаҳри Санкт-Петербург шумори қурбониёни ба дарё сарозер шудани автобуси мусофирбар афзуда ба ҳафт нафар баробар шуд.

Ҳодиса 10 май рух дод, вақте автобусе ба дарёи Мойкаи шаҳри Санкт-Петербурги Русия афтод. Ронандаи он – Раҳматшоҳ Қурбонови 44-сола, зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия - гумонбари асосии фоҷеа дар пурсиши аввалия гуфтааст, ки тормози мошин аз кор баромад.

Шоҳидон гуфтанд, ки Қурбонов аввал шуда аз дохили мошин берун шуд ва талош кард дар боми автобус як даричаро боз кунад, вале натавонист. Ин даричаро раҳгузароне боз карданд, ки дохили об шуданд.

Худи ронанда ҳоло дар беморхона дар ҳолати сангин қарор дорад. Бархе санҷишҳои аввалия ва гузоришҳои ширкати мусофибар хабар доданд, ки вазъи саломатии ронанда хуб буд. Ҳамсари ин ронанда ба ТВ 78 гуфтааст, ки як рӯз пеш аз ин ҳодиса шавҳараш як шабонарӯз кор карда, фақат панҷ соат хобида буд.

Дар ширкати ООО «Такси» гуфтанд, ки автобус аз санҷиши техникӣ гузашта ва таъмир шуда буд. Кумитаи тафтишот парвандаи ҷиноиро аз рӯи моддаи «хидматрасоние, ки ба бехатарӣ ҷавобгӯ нест» боз кардааст.