Арманистон маблағгузорӣ ба СПАД-ро хотима медиҳад

Нахуствазири Арманистон Никол Пашинян

 Мақомот дар Арманистон гуфтанд,  маблағгузорӣ ба Созмони паймони амнияти дастаҷмъиро хотима медиҳанд.

Аз ин пеш Ереван амалан узвияташ дар ин паймони низомии таҳти раҳбарии Русияро қатъ кард. Дар бораи қатъи маблағгузории узвият дар СПАД намояндаи ВКХ Арманистон Ани Бадалян рӯзи 8 май хабар дод.

Ӯ дар изҳороташ гуфт, ки Ереван пеши роҳи дигар аъзои СПАД-ро дар иҷрои ӯҳдадориҳояш дар пеши ин созмон намегирад. Ба узвияти СПАД ба ҷуз Русия инчунин Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон шомил мешаванд. Давоми як соли гузашта Арманистон дар ҷаласаҳои мақомоти кишварҳои узви СПАД, машқҳои низомӣ ва дигар чорабиниҳои гурӯҳӣ иштирок накард.

Моҳи феврал нахуствазир Никол Пашинян гуфт, ки Ереван узвияташ дар ин созмонро амалан қатъ мекунад. Арманистон тирамоҳи соли 2022 аз аъзои СПАД хоста буд, дар пешорӯи амалиёти низомии Озарбойҷони ҳамсоя кӯмак кунанд, вале ин дархосташ беҷавоб монд ва Ереван аъзои ин созмонро дар нодида гирифтани талабҳояш айбдор намуд.

Пашинян ва чанд мақоми дигари ҳукумати Арманистон гуфтаанд, ки дар талоши гуногунсозии сиёсати хориҷии кишварашон мебошанд.