Мувофиқае дар ин замина дар Маскав дар мулоқоти миёни президенти Русия Владимир Путин ва нахустваризи Арманистон Никол Пашинян ба даст омадааст.
Рӯзи 9-уми май сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков ҳам ин хабарро тасдиқ карда гуфт, “бо дархости ҷониби Арманистон” ҳузури сарҳадбонон дар қитъаҳои марзӣ бо Туркияву Эрон идома хоҳад ёфт.
Посгоҳҳои марзиву низомии русҳо аз вилоятҳои Товуш, Сюник, Вайосдзор, Гегаркуник ва Арарат бардошта мешаванд. Сарҳадбонони Русия соли 1992 бар асоси як созишномаи байнидавлатӣ дар хоки Арманистон мустақар шуда буданд.
Инчунин қарор аст сарҳадбонони Русия дар фурудгоҳи “Звартнотс” ҳам хотима ёбад. 17 апрел хабар дода шуд, ки Русия нирӯҳои посдори сулҳи худро аз хоки Қаробоғи Кӯҳӣ ҳам берун мекашад, чун дар пайи ҷанги соли 2020 ин минтақа зери назорати Боку гузашт.