Дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон 8-9 май шаш иштирокчии эътирозҳои зидди қонуни "агентҳои хориҷӣ"-ро боздошт карданд. Дар ин бора дар пулиси шаҳрии Тифлис хабар доданд.
Ин шаш боздоштшуда дар ҳамла ба кормандони пулис ва тахриб кардани молу мулки ғайр айбдор мешаванд.
Дар мақомоти пулиси Гурҷистон ному насаби боздоштшудаҳоро ошкор накарданд.
Рӯзи 1-уми май порлумони Гурҷистон тарҳи қонун "Дар бораи агентҳои хориҷӣ"-ро қабул кард. Ба ҷонибдорӣ аз ин қонун 83 вакил ва зидди он 23 вакил раъй дод. Дар пайи қабули ин қонун миёни вакилони ҳизби ҳоким ва мухолифин занозанӣ рух дод.
Бо нишони эътироз зидди ин қонун дар Тифлис гирдиҳамоиҳо давом доранд. Пулис талош мекунад, ки эътирозҳоро пароканда созад. Пулис зидди ҷамъшудаҳо аз тирҳои резинӣ ва гази ашковар истифода мебарад.