Мақомоти Оҷонси зидди фасод рӯзи 29-уми апрел гуфтанд, парванда барои муҳокима ба додгоҳ фиристода шуд.
Аз ӯ “Шафеиён И.С., мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи ҳукумати Исфара (аз соли 2021)” ном мебаранд. Мақомот мегӯянд, ӯ барои додани қитъаи замин аз чанд нафар, аз ҷумла шаҳрванд А.Б. 225 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.
Дар ҳукумати шаҳри Исфара гуфтанд, ки “Шафеиён дар рухсатист”. “Гунаҳкор будан ё набудани ӯро Суд муайян мекунад,” – гуфт Зубайдулло Шомадов, сухангӯйи ҳукумати Исфара рӯзи якуми май.
Худаш нахост дар бораи иттиҳоми эълоншуда суҳбат кунад.
Дар ҳамин ҳол, баъзе аз ҳамкоронаш гуфтанд, Шафеиён ҳангоми муноқишаи шаби 28 ба 29-уми январи соли 2022 дар марз бо Қирғизистон захмӣ шуда буд.
Дар сурати тасдиқи иттиҳом дар додгоҳ ба Шафеиён ҷарима ё зиндон таҳдид мекунад.