Мақомот ду ҳафта инҷониб тақозо доштанд, ки хаймаҳо аз қаламрави Донишгоҳ берун кашида шаванд, то раванди маъмулии таҳсил барқарор гардад.
Амалиёти низомии тақрибан ҳафтмоҳаи Исроил дар Навори Ғазза боис ба гирдиҳамоиҳои донишҷӯён дар саросари Амрико гардид. Ин бархӯрд ҳафтуми октябри соли 2023 ва пас аз ҳамлаи маргбори гурӯҳи тундгарои “Ҳамос” ба ҷануби Исрол оғоз ёфт.
Дар ин байн гирдиҳамоиҳои ҷониби мухолиф низ доир шуда, ҷонибдорони тарафи фаластиниро дар Амрико ба тарғиби нафрат ба яҳудиён муттаҳам мекунанд.
Ҷониби тарафдор аз фаластиниҳо, аз ҷумла яҳудиёне, ки мухолифи амалиёти низомии Исроил дар минтақаи Ғазза мебошанд, исрор меварзанд, ки онҳоро бе асос "зиддисомӣ" унвон медиҳанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хаймаи ҷонибдорони фаластиниёнро бардоштаанд