Қазоқистон гуфт, ҳавопаймоҳои кӯҳнаи ҷангияшро ба Украина нафурӯхтааст

Корхонаи давлатии Қазоқистон, ки бо воридот ва содироти техникаҳои низомӣ машғул аст, хабарҳоро дар бораи фурӯши ҳавопаймоҳои куҳнаи ин кишвар ба Украина рад кард.

Ба иттилои корхона, музоядаи фурӯши ҳавопаймоҳои куҳна бо шарти ҳатман маҳв кардан бар асоси қонунгузории Қазоқистон баргузор шуда, дар он танҳо ширкатҳои дохилие иштирок кардаанд, ки иҷозатнома доштанд.

"Ба ин музояда ширкатҳои хориҷӣ роҳ дода нашудаанд", - омадааст дар изҳороти корхона.

Сомонаи "Stopfake.kz" рӯзи якшанбе хабар дод, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи харидани ҳавопаймоҳои куҳнаи ҷангии Қазоқистон барои Украина хабарҳое паҳн шудааст.

Марде бидуни зикри номи худ гуфтааст, барои таъмини артиши Украина бо қисмҳои эҳтиётӣ аз Қазоқистон ҳавопаймои куҳнаи ҷангӣ харидорӣ кардааст.

Ҳамчунин гуфта шуда, ки Қазоқистон моҳи октябри соли гузашта 117 ҳавопаймои куҳнаи низомии худро дар фурӯш гузошта буд.

Нашрияи "The Business Insider" рӯзи 29-уми апрел матлаберо нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, гуё Амрико тавассути ширкатҳои офшорӣ аз Қазоқистон 81 ҳавопаймои куҳнаи ҷангии даврони шӯравиро харидааст.