Роҳе, ки ду Кореяро ба ҳам мепайвандад, минагузорӣ шуд

Кореяи Шимолӣ роҳеро, ки ин кишварро бо Кореяи Ҷанубӣ мепайвандад, минагузорӣ кардааст.

Ба навиштаи "Рёнхап", низомиёни Кореяи Ҷанубӣ ҳанӯз дар охирҳои соли гузашта мушоҳида карда буданд, ки Кореяи Шимолӣ роҳеро дар 85-километрии шаҳри Сеул минагузорӣ мекунанд. Низомиёни Кореяи Шимолиро моҳи январи имсол дар ду роҳи дигар низ дидаанд.

Намояндагони Кореяи Ҷанубӣ моҳи март муайян карданд, ки низомиёни Кореяи Шимолӣ даҳҳо чароғи роҳро кандаанд. Роҳи байни ду Корея соли 2018 бар асоси созишномаи низомие сохта шудааст.

Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин аввали соли равон гуфта буд, ки аз идеяи ба ҳам пайвастани ду Корея бояд даст кашид ва Сеулро душмани кишвараш эълом кард.

Ба гуфтаи ӯ, Кореяи Ҷанубӣ наздик ба 80 сол боз барои сарнагун сохтани низом ва ҳукумати кишвараш сиёсатҳоеро пеш мебарад.