Аъзои “Гурӯҳи 24”-ро дар Рум дастгир кардаанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар шаҳри Руми Италия ҳашт узви як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро боздошт кардаанд. Сабаби боздошти аъзои “Гурӯҳи 24” маълум нест, ҳарчанд худашон мегуфтанд, ки барои эътироз ба Рум мераванд. Боздошт ҳангоми мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарони ин кишвари аврупоӣ сурат гирифтааст.