Ёриҳои нави Амрико эҳтимол то охири апрел ба Киев расанд

ATACMS

Украина, мумкин аст, баъд аз як ҳафта аз тасдиқи тарҳи қонун дар бораи кумаки низомии Амрико ба Киев ва имзои он аз сӯйи президент Ҷо Байден ба бастаи нави силоҳҳои Иёлоти Муттаҳида даст ёбад. Дар ин бора нашрияи The Washington Post гузориш дод.

Марк Уорнер, раиси Кумитаи иктишофии Сенат, рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо телевизиони CBS гуфт, мушакҳои дурпарвози навъи ATACMS баъд аз як ҳафта аз имзои тарҳи қонун ба Украина фиристода хоҳанд шуд. Ин мушак қодир аст то 300 километр парвоз кунад.

Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Амрико, баъд аз чанд моҳи баррасӣ тарҳи қонунро дар бораи кумак ба Украина қабул кард. Дар ин санад кумакҳои моливу низомӣ ба ҳампаймонҳои дигари Амрико, ба мисли Исроил ва Тайван, низ ҳаст.

Владимир Зеленский, президенти Украина, аз қабули қарор дар Вашингтон изҳори хушнудӣ кард ва гуфт, ин санад “ҷони ҳазорон нафарро аз марг наҷот медиҳад”.

Ҳукумати Русия дар вокуниш гуфт, ин қарори Амрико сабаби марги украиниҳои бештар хозад гашт. Дар баёнияи Русия омадааст, ҳадаф аз кумак, “сарватманд” кардани Иёлоти Муттаҳида ва “вайронтар” кардани Украина аст.

Киев, ки аз соли 2014 бо ҷудоиталабони тарафдори Русия меҷангад, аз моҳи феврали соли 2022 ба ҷанги васеъмиқёси бедалели Русия дучор шуд.

Конгресси Амрико аз тирамоҳи соли гузашта сари кӯмаки низомӣ ба Украина ихтилофи назар дошт, чун вакилони Ҳизби демократ ва ва Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар бораи он назарҳои гуногун доштанд. Вакилони ҷумҳурихоҳ мегуфтанд, ки ҳукумат ба ҷойи кӯмак ба Украина бояд сари масоили дохилӣ аз ҷумла, ҳимояти марзҳои Амрико ва пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунии зиёд ба кишвар пул харҷ кунад.