Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон рӯзи 22-юми апрел аз боздошти тоҷир ва молики ширкати сохтмонии "КЖ гуруҳ" Имомиддин Тошев хабар дод.
Ин ниҳод гуфт, Тошевро дар вилояти Чуйи он кишвар боздошт кардаанд. Мақомоти Қирғизистон ӯро ба гумони "суиқасд ба ғасби ҳокимият бо зӯрӣ" дар пайгард эълом карда буданд.
“Имомиддин Тошев баъди он боздошт шуд, ки сарҳади Қазоқистонро бо Қирғизистон ғайриқонунӣ убур кард ва аз Алмато ба Қара-Балта равон буд. Вай мехост, барои муттаҳид сохтани нерӯҳо ва ғасби ҳокимият ситоди муваққат ташкил диҳад", - хабар дод КДАМ-и Қирғизистон.
Аз моҳи январи соли 2024 дар пайгард қарор дошт.
Ин боздошти аввалини Тошев нест. Ӯро дар моҳи октябри соли 2023 дар доираи парвандаи қитъаи замине боздошт карда буданд, ки дар ивази кӯдакистон манзили истиқоматӣ сохта буд. Тошев бо пардохти 52,4 миллион сом аз боздошт раҳо шуда буд.