"Ноиб-сарвазир Канат Бозумбоев дастур дод, ки 500 низомӣ ва маъмури наҷот барои мубориза бо обхезӣ ба вилояти Қазоқистони Ғарбӣ фиристода шаванд. Аз ҳисоби Вазорати ҳолатҳои фавқулода ва Вазорати мудофиа 200 кас ба ин вилоят фиристода шуд ва онҳо ба кор шуруъ карданд", - омадааст дар хабари маркази матбуотии ҳукумати Қазоқистон.
Дар умум барои мубориза бо обхезӣ қариб 17 ҳазор кас дар вилояти Қазоқистони Ғарбӣ ҷалб шудааст.
"Пешбиниҳо нишон доданд, ки авҷи обхезӣ идома мекунад ва аз ин рӯ ноиб-сарвазир дастури ирсоли нерӯи иловагиро дод", - омадааст дар хабар.
Рӯзи 21-уми апрел оби дарёи Урал дар наздикии шаҳри Урали Қазоқистони Ғарбӣ аз сатҳи хатарнок болотар шудааст. Дар натиҷа хонаҳои канори дарё зери об монданд. Об ҳамчунин ба минтақаҳои аҳолинишин наздики шаҳри Урал наздик омадааст.