Мақомоти Ғазза мегӯянд, дар ҳамлаи Исроил 9 кӯдак кушта шуданд

Ранҷу азоби ҷанги Исроилу Ҳамос дар Ғаззаро бештар аз ҳама гурӯҳҳои осебпазир бахусус кӯдакон мекашанд.

Мақомоти тандурустии Ғазза мегӯянд, дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии Исроил ба шаҳри Рафаҳ 13 нафар, аз ҷумла 9 кӯдак кушта шудаанд.

Нерӯҳои Исроил ҳар рӯз дар ин шаҳр, ки нисфе аз аҳолии 2.3 миллионнафарии Навори Ғазза онҷо паноҳ бурдаанд, зарба мезанад. Айни замон Исроил гуфтааст, ки дар ин шаҳри ҳаммарз бо Миср амалиёти заминиро оғоз хоҳад кард, ҳарчанд кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Амрико аз Тел Авив хостааст, ин корро накунад.

Ҳамлаи маргбори Исроил ба Рафаҳ дар замоне сурат гирифт, ки вакилони амрикоӣ тарҳи кӯмаки 26 миллиардолларӣ ба Исроил қабул карданд, ки 9 миллиард доллари он барои кӯмаки башардӯстона барои Ғазза ҷудо мешавад.

Дар ҷанги Исроил дар Навори Ғазза, ки баъди ҳамлаи гуруҳи тундрави Ҳамос ба Исроил дар рӯзи 7-уми октябр шуруъ шуд, то кунун дар Ғазза 34 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Ду шаҳри бузурги Ғазза ҳам ба вайрона табдил ёфтаанд.