Ба қавли ӯ, нерӯҳои Русия пас аз интихоботи президентии моҳи марти имсол якбора ҳамлаҳоро афзоиш доданд. Тибқи иттилои расмӣ, Владимир Путин бо гирифтани беш аз 87 дарсад ройи мардум ба даври панҷуми раёсаташ шуруъ кард. Кишварҳои ғарбӣ ин интихоботро ноодилона, ноозод ва бе рақобати воқеӣ номиданд.
Александр Сирский мегӯяд, нерӯҳои Русия ба Лиман ва Бахмут ҳамла карда, талош доранд, ки ҳалқаи дифоии Украинаро дар Покровский рахна кунанд. Вай афзудааст, ҳавои гарму хушк ба ҳамла мусоидат кард, аммо бо вуҷуди талафоти зиёд баъзан ба комёбиҳои тактикӣ дар муқобили қушӯнҳои Русия ноил мегарданд.
Фармондеҳи аршади низомии Украина дар баёнияи дигар рӯзи 14-уми апрел гуфт, раҳбарияти олии Русия ба низомиёни кишвараш амр додааст, ки шаҳри Часов Ярро дар вилояти Донетск то 9-уми май, рӯзи таҷлили пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ, забт кунанд.
Суқути Часов Яр, дар ғарби Бахмут, ки пеш аз ҷанг тақрибан 13 ҳазор аҳолӣ дошт, барои Киев зарбаи ҷиддӣ хоҳад буд. Вале Александр Сирский мегӯяд, “ҳимояти қаҳрамононаи дастаҳои мо ба амалишавии нақшаи русҳо монеъ хоҳад шуд."
Аз ин пеш, 12-уми апрел, шабакаи украинии DeepState хабар дод, ки низомиёни Русия деҳаи Богдановкаро дар наздикии Часов Яр ишғол кардаанд. Вазорати дифои Украина рӯзи шанбе эълон кард, ки барои Богдановка "ҷанги сахт" ҷараён дорад.
Русия дар моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина ҳамла кард. Маскав онро кӯшиши ғайринизомӣ кардани Украина, аммо Киеву ҳампаймонҳои ғарбияш таҷовуз ва таҳдид ба мустақилӣ номиданд ва ба зидди Кремл таҳрим ҷорӣ карданд. Аз он вақт то ҳоло даргирӣ ҷараён дорад.