Поёни даври сеюми музокироти Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо

Акс аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Даври сеюми музокироти Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо бар сари Созишномаи нави шарикӣ ва ҳамкорӣ ба анҷом расид. Гуфтугӯҳо рӯзҳои 8-9-уми апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.

Даври сеюми музокироти Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо бар сари Созишномаи нави шарикӣ ва ҳамкорӣ ба анҷом расид. Гуфтугӯҳо рӯзҳои 8-9-уми апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.

Бахши умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар хабарномае навишт, ин гуфтугӯҳо “марҳилаи муҳим дар равобити Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷорат, волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон” аст.

Дар хабарномаи ИА бидуни овардани натиҷаи мушаххас танҳо омадааст, дар ин даври гуфтугӯҳо пешравии калон ба даст омад. “Созишномаи нави шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни ИА ва Тоҷикистон, санадеро иваз мекунад, ки аз соли 2010 миёни ҷонибҳо амал мекунад,”-омадааст дар хабарнома. Ҷузиёти ин санад феълан маълум нест.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ дар бораи ин музокирот хабар дода, аммо ҷузъиёти онро нагуфтааст.

Душанбе солҳои ахир талош дорад ба тиҷорати имтиёзнок бо Иттиҳоди Аврупо (GSP+) дастрасӣ пайдо кунад. Дар Бруссел аз Тоҷикисон мехоҳанд ба тааҳҳудоти худ дар амри риояи ҳуқуқи инсон пойбанд бошад.