Яке аз манобеи Reuters хабар додааст, ки қарордоди ирсоли сӯзишворӣ мувофиқа шудааст. Ин дар ҳолест, ки Шингис Илясов, мушовири вазири энержии Қазқоистон гуфт, аз Русия чунин дархосте нагирифтанд.
Вазорати энержии Русия ба дархости Reuters дар бораи шарҳи хабар посух надодааст.
Ба иттилои Reuters, Беларус ҳам розӣ шудааст, ки ба Русия дар ирсоли бензин мадад кунад.
Бино ба баҳогузории хабаргузории Reuters, то охири моҳи марти имсол ҳамлаи бесарнишинҳо наздик ба 14 дарсади иқтидори коркарди нафти Русияро аз кор баровардааст. Бо ин вуҷуд, мақомоти Русия мегӯянд, вазъ дар бозори дохилӣ муътадил ва захираи бензин кофист.
Аз 1-уми март ҳукумати Русия содироти бензинро барои шаш моҳи оянда манъ кард. Ҳукумати он кишвар гуфт, тасмими мазкур ба хотири пешгирӣ аз камчинии ин навъи сӯзишворист.