Дар гуфтугӯҳои Қоҳира, ки пештар эълом шуда буд, интизор мерафт, байни "Ҳамос" ва Исроил созишнома имзо шавад.
Шарти оташбас аз ду банди асосӣ иборат буд: оташбаси ҷониби Исроил дар ивази озодии гаравгононе, ки 7-уми октябри соли 2023 аз сӯи "Ҳамос" рабуда шудаанд.
Баъди расман эълом шудани нокомии гуфтугӯҳо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу муҳлати наверо барои роҳандозии амалиёти нав дар шаҳри Рафаҳ эълом кард.
Рӯзи якшанбеи гузашта Исроил ва "Ҳамос" намояндаҳои худро барои гуфтугӯ ба Қоҳираи Миср фиристода буданд.
Миёнаравҳо аз Қатар ва Миср низ вориди Қоҳира шуданд. Барои ширкат дар гуфтугӯҳо мудири Раёсати марказии иктишофии Амрико Уилям Бёрнс низ ба Қоҳира рафта буд.
*Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд