Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми апрел гуфт, “идҳои Рамазон ва Қурбон тӯй нестанд” ва даъват намуд, ки ин рӯзро на бо оростани дасторхони бодабдаба, балки бо “аёдат, зиёрат ва гиромидошти хотираи гузаштагон” сипарӣ кунанд.
Вай афзуд, мардуми тоҷик серфарзанд аст ва “ҳар як оила дар як сол то 10-12 маротиба хешу табор ва пайвандони худро меҳмондорӣ мекунад". Маълум нест инро чӣ гуна ҳисоб кардаанд.
“Тибқи аҳкоми шариат ҳар бандаи муъмин... барои он хайру садақот мекунад, ки дар номаи аъмолаш навишта мешавад ва баъд аз марг, яъне дар охират боиси саодат ва растагории ӯ мегардад. Агар чунин аст, пас беҳтар нест, ки ҳар як бандаи муъмин кӯшиш намояд, ки гуноҳ накунад ва дили касеро наранҷонад?” – илова кардааст раиси ҷумҳурии Тоҷикистон.
Рӯзи 10-уми апрел дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари мусалмонӣ Иди Фитр таҷлил мешавад. Дар Тоҷикистон аксари мардум пайрави дини ислом ҳастанд.