Раиси Идораи замини Кӯлобро ба қаллобӣ муттаҳам карданд

Акс аз бойгонӣ.

Оҷонси зидди фасоди Тоҷикистон алайҳи раиси Идораи замини шаҳри Кӯлоб бо иттиҳоми қаллобӣ парванди ҷиноӣ боз кардааст.

Дафтари матбуоти Оҷонсӣ рӯзи 8-уми апрел дар хабарномае навишт, Орзу Муродов моҳи октябри соли 2021 бо ваъдаи ҷудо кардани замини кишоварзӣ аз як сокин 81 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Аммо ба навиштаи Оҷонсӣ, Муродов ба ваъдааш вафо накардааст.

Назари Орзу Муродов ва наздиконаш ба ин хабар ҳанӯз маълум нест. Муродов давоми як соли ахир роҳбари Идораи замини шаҳри Кӯлоб будааст. Қабл аз ин ӯ мутахассиси пешбари идораи замин буд.

Оҷонсии зидди фасод навиштааст, алайҳи Орзу Муродов бо иттиҳоми қаллобӣ ба миқдори калон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, таҳқиқ идома дорад.

Заминфурӯши яке аз мушкилиҳои ҷиддӣ дар Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ҳатто раиси ҷумҳур борҳо аз он нигаронӣ карда буд.