"Барқ нест, дар моҳи Рамазон хӯроки хунук мехӯрем"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти Тоҷикистон аввали моҳи апрел як гуруҳ аз блогерон ва рӯзноманигорони расонаҳои давлатиро ба “Норак” бурда гуфтанд, сабаби камчинии барқ дар кишвар, поён рафтани сатҳи об дар ин обанбор аст. Баъди ин ба гуфтаи сокинон, лимити барқ дар кишвар сахттар шуд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинони ноҳияи Рӯдакӣ дар канори шаҳри Душанбе пурсиданд, ки дар охири моҳи Рамазон чанд соат барқ мегиранд.