Корбарон: "Номи тоҷик дар бало монд"

Баъди ҳамлаи террористӣ ба Крокус обрӯи тоҷикон дар саросари ҷаҳон рехт? Баҳси асосии барномаи имрӯзи Озодӣ Онлайн дар ҳамин бора аст.

Ҳамлаи маргбор ба толори консертии Крокус, ки мақомоти Русия онро кори дасти муҳоҷирони тоҷик медонанд ин баҳсро дар байни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ доғ кард, ки акнун тоҷикон дар ҷаҳон беобрӯ шуданд ва дигар дар ҳамаҷо онҳоро террорист меноманд. Бубинем, ки мардум дар Фейсбуку Инстаграму дигар ҷойҳо дар ин бора чӣ мегӯянд. Аз шарҳи Наимова Зебо оғоз мекунем, ки дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук гузошта ва аз афзоиши ифротгароӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст. Шарҳаш чунин аст:

"Ман чанде пеш гуфта будам, ки Тоҷикистони мо монанди Афғонистон шуда истодааст. Масҷиди бисёр, муллоҳои бесавод фанатизмро то ба ин дараҷа оварда расонид. Ана акнун оқибаташро дида истодаед. Дар ҳар масҷид рӯҳонии босавод шуданаш лозим."

Шарҳу навиштаҳое ба мисли ин дар саҳифаҳои Радиои Озодӣ дар Фейсбуку Инстаграм зиёд аст ва яке дигар аз корбарон бо номи Бақозода Абдураҳмони Раҳим дар саҳифаи мо дар Фейсбук навиштааст, агар ҷавонони тоҷик ингуна корҳоро такрор кунанд, «батадриҷ аз тоҷики худамон безор мешавем ва ин яқин аст.» Монанд ба ин шарҳи дигареро ҳамроҳ мехонем, ки корбаре бо номи Лоиқ Миров дар саҳифаи мо дар Фейсбук гузоштааст:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

“Номи тоҷик дар бало монд”

"Пеш солҳо чӣ воқеаи баде мешуд, метарсидем, ки номи мусулмонро нагиранд. Имрӯз метарсем, ки номи тоҷикро нагиранд. Бисёр бад аст ин. Дигар кишварҳои мусулмонӣ миллионҳо муҳоҷир доранд, аммо чаро тоҷик?"

Навиштаҳо дар бораи он ҳам зиёд аст, ки худи тоҷикон баҳонаву сабаб пеш меоранд, ки онҳоро ба ифротгароӣ муттаҳам кунанд. Ба қавли гуруҳе аз корбарон, шаҳрвандони Тоҷикистон на танҳо дар Русия, мизбони аслии муҳоҷирони тоҷик, балки дигар кишварҳои ҷаҳон мухолиф ба фарҳангу меъёри он ҷойҳо рафтор мекунанд. Шарҳеро бо ин мазмун корбаре бо номи Рушди Ватан дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук гузоштааст.

“Тоҷикбачаҳои бесавод ва бе маданияти шаҳрвандӣ дар Туркия ҳам миллатро шарманда кардагӣ ҳастанд. Илтимос тавре рафтор кунед, ки дигарон аз пушти шумо беобрӯ нашаванд. Мо миллати таърихӣ ва аберагони ҳазрати Ҷалолиддини Балхӣ ҳастем. Хаста шудем, аз пуштибонии шумо.”

Корбарони зиёде дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук шарҳҳои мухтасаре гузоштаанд, ба мисли Суҳроб Муминов, ки гуфтааст, ин миллати моро чӣ шуда бошад? Корбаре бо номи Силий навиштааст, дигар аз дасти тоҷик сар бардошта наметавонем. Мубориз Ҳодибоев гуфтааст, ки “Номи тоҷик дар бало монд.” Ба ақидаи Муҳаббат Аюбова, акнун тоҷикон дар ҳама ҷой бадном шуданд.

Шарҳи зиёде ҳам гирифтем, ки нишон медиҳанд, мардум ҳанӯз ҳам бовар надоранд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷумла чаҳор нафари аслӣ, ки ба қатли бештар аз 140 нафар дар рӯзи 22-уми март муттаҳам мешаванд, тоҷикон ҳастанд. Шарҳашон ҳам ин аст, ки мардумро дар толор дигарон тирборон карданду, ба гардани тоҷиконе задаанд, сахт латукӯбу шиканҷа шудаанд. Шарҳи корбари дигаре бо номи мустаори Лас Вегас чунин аст:

"Номи тоҷикро паст карданд. Акнун агар дар сайёраи Миррих ягон нооромӣ шавад, ба сари тоҷик мезананд. Афсӯс."

Дар ин байн, корбароне ҳастанд, ки роҳҳои решакан кардани ифротгароӣ ва пешгирӣ аз даст задани ҷавонони тоҷик ба терроризмро пешниҳод кардаанд. Шарҳеро аз саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм гирифтем ва он ҳам аз корбаре бо номи мустаори Шукран аст. Тавсияааш ҳам ин аст:

"Заводу фабрикаҳоро зиёд кунед, корхонаҳоро ба кор андозед, маошро хубтар кунед, вазифаро нафурӯшед, хидмати ҳарбиро як сол кунеду сарбозонро гуруснавиу ташна намонед. Ана баъд террорист кам мешавад. Ин чӣ бало омад ба сари тоҷики мо. Миллати мо таърихи бой дорад. Аз пушти бесаводиву бетарбиягӣ ва бекорхӯҷагии баъзе ҷавонон номи ҳама тоҷик паст."

Воқеан номи тоҷику тоҷикон паст шуд? Шумо чӣ мегӯед, агар хостед, назару андешаҳои худро зери барнома нависед.