Артиши Исроил рӯзи 7-уми апрел номи чаҳор сарбози дигарашро нашр кард, ки дар ҷанг дар Навори Ғазза кушта шудаанд.
Артиши Исроил рӯзи 7-уми апрел номи чаҳор сарбози дигарашро нашр кард, ки дар ҷанг дар Навори Ғазза кушта шудаанд. Бо ҳамин теъдоди талафоти нерӯҳои Исроил дар ҷанги нимсола ба 604 тан расидааст.
Артиши Исроил гуфт, ки чаҳор сарбози неруҳои махсус ва ё коммандо рӯзи 6-уми апрел дар ҷануби Ғазза кушта шудаанд, ки талафоти калоне барои Исроил дар чанд ҳафтаи ахир аст.
Созмони Ҳамос, ки онро Амрикову Иттиҳодияи Аврупо созмони террористӣ меноманд, гуфт, ки сарбозони исроилиро ҳангоми шабехун дар шаҳри ҷанубии Хон Юнус куштаанд.