Ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия шаби гузашта ба Харков ҳамла карданд ва дастикам 6 нафарро кушта ва 10 нафари дигарро маҷрӯҳ бар ҷой гузоштанд. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, ҳамлаҳои нисфишабии 6 апрел ва афзоиши ҳамлаҳои вақтҳои ахир болои яке аз шаҳрҳои калонтарини Украина чунин андешаро ба вуҷуд овардааст, ки Русия дар фикри ишғоли он мебошад. Ду рӯз пеш дар як ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Русия чаҳор нафар кушта шуданд, аз ҷумла се корманди хадамоти изтирорӣ.
Хадамоти давлатии изтирории Украина дар як паёми Telegram гуфт, ки "дар натиҷаи ҳамлаи душман, ки тақрибан нисфи шаби 6 апрел рух дод, шаш нафар кушта ва дастикам 10 нафар маҷрӯҳ шудаанд." Раиси вилоят Олех Синеҳубов низ ин хабарро нашр кард ва масъулиятро ба дӯши артиши Русия вогузор намуд.
Шаҳрдори Харков Иҳор Терехов гуфт, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини тавлиди Эрон дастикам 9 бинои баландошёна, се хобгоҳ ва як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ задаанд.