Каналҳои расмии "Вагнер" дар шабакаи Телеграм дар давоми як моҳи охир дар бораи оғози қабули зархаридон даҳҳо эълон нашр намуд.
Нашрияи "Вёрстка" якҷоя бо тарҳи "Nordsint" муайян карданд, ки "Вагнер" ҳоло барои иштирок дар амалиёти Малӣ дар ғарби Африқо зархарид меҷӯяд.
Саҳифаҳои вобаста ба "Вагнер" дар миёнаҳои моҳи феврал хабар доданд, ки полковник Ассимӣ Гоита, ки қудратро дар Малӣ дар даст дорад, қарордоди ҳамкориро бо ширкат дароз кардааст.
Ширкати "Вагнер" қабули зархаридонро барои интиқол ба Африқо моҳи марти соли гузашта бас карда буд. Ин тасмим ба далели ташкили гуруҳҳои зархаридон барои иштирок дар ҷанги Украина гирифта шуда буд.
Евгений Пригожин, мудири пешини ширкати муздурии “Вагнер”, рӯзи 23-юми августи соли гузашта ҳангоми афтодани ҳавопаймо дар роҳ ба Санкт-Петербург ба ҳалокат расид.
Ошӯби Пригожин ба зидди фармондеҳони баландрутбаи Русия ду моҳ пеш аз ҳодиса шубҳаву гумонҳоро дар атрофи марги ӯ бештар кард. Бисёре аз таҳлилгарони ғарбӣ ба даст доштани ҳукумати Русия дар марги Пригожин ишора мекунанд.