Як зодаи Тоҷикистонро аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардаанд

Акс аз бойгонӣ

Як зодаи Тоҷикистон, ки ҳамзамон шиносномаи Русияро дошт, ба иттиҳоми саркашӣ аз хидмат аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум карда шудааст.

Аз ин муҳоҷири 23-солаи тоҷик ном бурда намешавад.

Додгоҳи Скопини вилояти Рязан хабар дод, ки зодаи Тоҷикистон рӯзи 6-уми майи соли 2022 шиносномаи Русия гирифтааст.

Хабаргузории давлатии "РИА Новости" рӯзи 4-уми апрел навишт, "синни ин шаҳрванди Тоҷикистон барои хидмат дар артиш мувофиқ буд, вале бе сабаб дар комиссариат ҳозир нашуд".

Назари ин зодаи Тоҷикистон маълум нест.

Бар асоси қарори додгоҳ, ӯ дар рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон фиристода хоҳад шуд.