"Пеш аз ҳама манфиат ва амнияти давлату ҷомеа бояд таъмин шавад, ризояти байниқавмию байнидинӣ, вижагиҳои фарҳангию забонӣ ва ҳамаи он чизе, ки чун қудрати Русия арзёбӣ мешаванд, бояд ҳифзу нигоҳ дошта шаванд," – гуфт ӯ. Вай бори дигар хост, хориҷиҳо дар Русия суннат ва таърихи ин кишварро эҳтиром кунанд.
Ин изҳорот дар ҳолест, ки фазои кору зиндагӣ барои муҳоҷирони корӣ дар Русия то ҳамла низ бисёр сахту тоқатфарсо буд. Пас аз ҳама ба толори консертӣ дар саросари Русия боздошту ҳабс ва гоҳе ихроҷи муҳоҷирони корӣ, бахусус аз Тоҷикистон, ҷараён дорад.
Валентина Чупик, як ҳомии маъруфи ҳуқуқи муҳоҷирон, гуфт, рӯзе беш аз ҳазор муҳоҷир, асосан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар бораи бархӯрди бераҳмонаи ходимони ҳифзи ҳуқуқи Русия ба онҳо шикоят мекунанд.
Раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, дар низоми ҳозираи муҳоҷират дар Русия камбудҳое ҳаст, ки ба афроде бо собиқаи ҷиноӣ имкони бе мушкил гирифтани патенти кор ва баъдан шаҳрвандиро "ҳатто бе донистани забони русӣ" фароҳам мекунад.
"Пойгоҳҳои муосири рақамии маълумоти биометрӣ зарур ҳастанд. Оне, ки ҳоло амал мекунад, зоҳиран кофӣ нест ва пеши роҳи батакрори муҳоҷирати ғайриқонуниро гирифта наметавонад," – афзуд ӯ.
Раҳбари Русия, ки ёздаҳ рӯз баъд аз ҳамлаи террористӣ дар канори Маскав дар ҷаласаи васеи ВКД суҳбат мекард, гуфт, фармоишгари ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл"-ро пайдо хоҳад кард. Ба қавли ӯ, шахсоне, ки даст ба ҳамлаи террористӣ заданд, "на арзишҳои динӣ ва на сиёсӣ доранд, танҳо дар фикри пул ҳастанд" ва "ҳатман ба даст меафтанд".
Русия борҳо муҳоҷиронро ҳамчун абзори фишор ба ҳукумати Тоҷикистон истифода кардааст. Дар ҳодисаи охир ҳам, мисли гузашта, мақомот дар Душанбе хомӯширо ихтиёр карда, боре ҳам ба ҳабсу боздошт ё шиканҷаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия садо баланд накарданд.
Дар ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" 144 кас кушта шуда, беш аз 500 кас осеб дидаанд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи террористии ДОИШ ба уҳда гирифт. То ҳол мақомоти Русия даҳ нафар, аз ҷумла нуҳ шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҳабс гирифтанд.
Боздошти гумонбарони ҳамла бо шиканҷа ҷараён гирифт ва мунтақидони зиёде дар дохил ва хориҷи Русия ба ҳақиқати эътирофи онҳо ва ривояти мақомоти ҳифзи қонуни ин кишвар бо шубҳа менигаранд. Бо вуҷуди танқидҳои сахти гурӯҳҳои ҳуқуқи башар аз шиканҷаи гумонбарон, Путин ё мақомоти дигари Русия инро ба ҳеч шакле танқид ё маҳкум накарданд.