Reuters: Эрон дар бораи эҳтимоли ҳамла ба Русия хабар дода буд

Се манбаи огоҳ ба хабаргузории "Рейтерс" рӯзи 1-уми апрел гуфтаанд, ки пеш аз ҳамлаи маргбор ба як толори консертӣ дар наздикии Маскав, Эрон Русияро аз эҳтимоли "амалиёти густурда" дар ин кишвар огоҳ кардааст.

Дар ҳамла ба "Крокос Сити Ҳолл" дар наздикии Маскав 144 нафар кушта ва беш аз 500 нафар осеб дидаанд. Ҳодиса шаби 22-юми марти имсол рӯй дод.

Масъулияти онро гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ бар уҳда гирифт.

Як манбаъ ба хабаргузории "Рейтерс" гуфтааст, чанд рӯз пеш аз ҳамла дар Русия, Теҳрон дар бораи эҳтимоли ҳамлаи бузурги террористӣ ба Маскав иттилоъ додааст.

Манбаъ афзудааст, "ин маълумот дар ҷараёни тафтиши боздоштшудаҳои марбут ба бомбгузориҳои маргбор дар Эрон ба даст омада буд".

Ҳанӯз рӯзи 7-уми марти имсол сафорати Амрико дар Маскав аз хатари ҳамлаҳои террористӣ дар пойтахти Русия ҳушдор дода, аз шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида хоста буд, ки ба ҷойҳои серодам нараванд.

Ҳушдори ба ин монанд дертар аз ҷониби чанд кишвари дигари ғарбӣ садо дод.

Владимир Путин, президенти Русия, рӯзи 19-уми март изҳороти кишварҳои ғарбиро дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳои террористӣ дар Русия "иғвогарона" ва ҳадафи онро "тарсдиҳӣ" ва "бесубот кардани ҷомеа" номида буд.