Фаъоли қарақалпоқистонӣ Расул Ҷумъаниёзовро боздошт кардаанд

Қазоқистон

Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон рӯзи 31-уми март фаъоли қарақалпоқистонӣ Расул Ҷумъаниёзовро боздошт карданд. Дар ин бора Амон Саъдуллоев, яке аз роҳбарони ҳаракати "Алға, Қарақалпоқистон!" хабар дод. Саъдуллоев гуфт, Ҷумъаниёзовро 26-уми март боздошт кардаанд.

"Ӯро бо дархости Узбекистон боздошт кардаанд. Як моҳ пеш вай бо ман тамос гирифта ва шикоят карда буд, ки мақомоти махсуси Узбекистон ӯро таҳдид ва талаб доранд, ки ба Узбекистон баргардад. Вай фаъоли шаҳрвандӣ аст ва дар интернет фаъол аст, дар бораи ҳодисаҳои Қарақалпоқистон бисёр менависад, аз ин рӯ мехоҳанд, даҳони ӯро банданд", - гуфт Саъдуллоев.

Саъдуллоев афзуд, ҳуҷҷатҳои будубоши Ҷумъаниёзов дар Қазоқистон ба поён расида буданд ва вай барои тамдиди ҳуҷҷатҳо ба мақомоти муҳоҷират муроҷит кард, аммо боздошт шуд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Қазоқистон гуфтанд, омодаанд, ки ба Ҷумъаниёзов кумаки ҳуқуқӣ расонанд.

Мақомоти Қазоқистон боздошти Ҷумъаниёзовро ҳанӯз шарҳ надодаанд.