Дар интихоботи шаҳрдори Истанбули Туркия номзади мухолифон ва шаҳрдори ҳозира Экрем Имомоғлу пешсаф аст. Дар ин бора расонаҳои Туркия бо истинод ба натиҷаҳои пешакии интихобот хабар доданд.
Намояндаи Ҳизби мухолифи ҷумҳуриявии мардумии Туркия ва шаҳрдори кунунии Анкара Мансур Яваш низ дар интихоботи шаҳрдори пойтахти ин кишвар пешсаф аст.
Дар Туркия рӯзи якшанбеи гузашта, 31-уми март, интихоботи раисони шаҳрҳои Истанбулу Анкара баргузор шуд, ки рақобати нахустини нерӯҳои ин кишвар дар арафаи интихоботи президентии соли 2028 номида мешавад. Интизор меравад, президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар ин интихобот иштирок накунад.
Яке аз номзадҳои нерӯманд дар интихоботи ояндаи президентии Туркия маҳз шаҳрдори Истанбул ба ҳисоб меравад. Худи Эрдуғон низ, ки дар гузашта шаҳрдори Истанбул буд, барои интихоб шудан ба ин мақом сахт мубориза бурда буд.