Русия гуфт, боз як гумонбар дар ташкили ҳамлаи Маскавро боздошт кард

Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, боз як нафарро бо гумони ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити холл" боздошт карданд.

Ин ниҳод рӯзи 28 март гуфт, боздоштшуда дар нақшаи маблағгузории иҷрокунандаҳои эҳтимолии ин ҳамла иштирок кардааст. Ҷузъиёти вобаста ба шахсияти ин нафар, аз ҷумла, шаҳрвандии ӯ нашр намешавад. Кумитаи тафтишотӣ танҳо гуфтааст, ки аз додгоҳ тақозо мекунад, ки ин шахс ба ҳабс гирифта шавад.

Ин ниҳод инчунин гуфт, ки гӯё иртиботи ҳамлагарон бо миллатгароҳои украиниро собит кардааст. Дар иттилоияи Кумитаи тафтишоти Русия омадааст: «Тафтишот далели тасдиқшуда дорад, ки иҷрокунандаҳои амали террористӣ пулҳои калон ва криптовалютаро аз Украина дастрас карданд, то дар омодагӣ ба ҷиноят истифода шавад».

Дар иттилоия омадааст, ки далелҳои мӯътамад баъди таҳқиқи дастгоҳҳои фаннии аз дасти боздоштшудаҳо бадастомада ошкор гардид. Иттилои аз ин беш дода намешавад.

Дар ҳамлаи рӯзи 22 март ба "Крокус Сити холл" 143 нафар кушта шуд ва мақомоти рус дар охирин изҳороташон гуфтанд, дар ташкили ин ҳамла 12 нафар гумонбар дониста мешаванд. То ҳол дар бораи ҳабси ҳашт нафар - ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон маълум шудааст.