Ҳамроҳи Райимбек Матраимов се бародараш дастгир шудаанд

Райимбек Матраимов

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон тасдиқ кард, ки муовини пешини раиси Хадамоти гумруки он кишвар Райимбек Матраимовро боздошт кардааст. Дар ин бора КДАМ 27-уми март хабар дод.

Ин ниҳод гуфт, Матраимовро аз Озарбойҷон бо ҳавопаймо ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон овардаанд. Матраимов дар доираи парвандаҳои "Ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардан" ва "Қонунигардонии даромадҳои ҷиноӣ" гумонбар мешавад.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ҳамроҳи Райимбек Матраимов се бародари вай - Руслан, Тилек ва Исломбек боздошт шудаанд.

Мақомоти Қирғизистон 23-юми март хабар доданд, ки Матраимов дар Озарбойҷон қарор дорад.

Райимбек Матраимов дар солҳои 2015-2017 муовини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон буд. Ному насаби вай борҳо дар таҳқиқоти рӯзноманигории вобаста ба низоми фасодолуди мақомоти гумруки Қирғизистон зикр шудааст.

Матраимовро дар моҳи октябри соли 2020 ба фасодкорӣ дар мақомоти гумрук айбдор карданд. Вай дар додгоҳ айбро эътироф кард ва бо пардохти 260 ҳазор сом ҷарима озод шуд.