Антонио Гуттереш рӯзи 21-уми март дар пойтахти Белгия аз раҳбарони Иттиҳоди Аврупо хост, он эҳтиромеро, ки мехоҳанд ба қонунҳои байнулмилалӣ дар Украина риоя шавад, дар Ғазза низ риоят кунанд.
"Ғайринизомиён асли қонуни байнулмилалии башардӯстона ҳастанд. Мо бояд бидуни меъёрҳои дугона ба усул пойбанд бошем," -- афзуд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, раҳбарони Иттиҳоди Аврупо рӯзи панҷшанбе бори нахуст аз оғози ҷанг дар Ғазза бо иттифоқи оро хоҳони қатъи фаврии ҷанг дар Ғазза шуданд.
Намояндагии Амрико дар СММ мегӯяд, пешнависи қатъномаи пешниҳодии ин кишвар барои барқарории оташбас дар Ғазза субҳи ҷумъа дар Шӯрои Амнияти СММ ба овоз монда мешавад.
Аз оғози ҷанги Ғазза дар 7-уми октябри соли 2023, ин аввалин бор аст, ки раҳбарони 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо тавонистанд ба ихтилофҳои худ дар бораи ин ҷанг поён диҳанд ва ба таври дастҷамъона хостори поёни "фаврӣ"-и даргириҳо ва ҳаракат ба тарафи оташбаси пойдор дар Ғазза шуданд.