“Гурӯҳи ҳафтгона” ба Эрон ҳушдор дод, ки ба Русия мушак надиҳад

Мушакҳои сохти Эрон

Кишварҳои узви “Гурӯҳи ҳафтгона” рӯзи 15-уми март ба Эрон ҳушдор додаанд, ки агар аз интиқоли мушакҳои дурпарвоз ба Русия худдорӣ накунад, посухи “сазовор” мегирад.

ИМА, Бритониё, Фаронса, Италия, Канада, Олмон ва Ҷопон, ки узви кишварҳои “Гурӯҳи ҳафтгона” ҳастанд, дар баёнияе гуфтаанд, ки агар Эрон ин корро кунад, фавран алайҳаш таҳрими сахт ҷорӣ мекунанд.

Ин баёния дар пасманзари хабари тасмими интиқоли 400 мушаки дурпарвоз аз Эрон ба Русия нашр шуд. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ҳоло иттилои дақиқе дар ин бора надоранд, вале зоҳиран Эрон омодаи анҷоми ин кор аст.

Мақомоти эронӣ додани мушакҳои дурпарвоз ба Русияро рад карданд.

Русия дар ҷангаш алайҳи Украина аз бесарнишинҳои сохти Эрон истифода мекунад.