Қазоқистон: Маълумоти шахсии 2 млн муштарӣ дастраси умум шудааст

Вазорати рушди рақамии Қазоқистон гуфт, маълумоти шахсии бештар аз 2 миллион қазоқистонӣ дастраси умум шудааст.

Асосан инҳо муштариҳои муассисаи молии zaimer.kz ҳастанд. Аммо дар рӯйхат афроде ҳам ҳастанд, ки умуман аз хадамоти ин ширкат истифода набурдаанд.

Рахнаи маълумот чи гуна сурат гирифтааст ва кӣ ба ин маълумот дастрасӣ пайдо кардааст, вазорат хабар намедиҳад.

Дар вазорат танҳо гуфтанд, ки ҷабрдидаҳо метавонанд, ба Кумитаи амнияти рақамии вазорат шикоят баранд.