Филми украинӣ дар бораи муҳосираи Мариупол "Оскар" гирифт

Мстислав Чернов

Филми ҳуҷҷатии "20 рӯз дар Мариупол" ҷоизаи "Оскар"-ро соҳиб шуд.

Маросими тақдими ҷоизаҳо шоми 10-уми март дар шаҳри Лос-Анҷелеси Амрико баргузор шуд.

Филми коргардон Мстислав Чернов филми севуми украинӣ аст, ки ба ҷоизаи олитарин номзад мешавад ва филми нахустин аст, ки тандиси тилоиро соҳиб мегардад.

"Ин нахустин "Оскар"-и украинӣ аст. Мехостам, ҳаргиз ин филмро сабт накунам ва ба ин саҳна набароям ва мехостам, ки Русия ба Украина ҳамла накунад. Кош метавонистам, ин ҷоизаро иваз кунам ва Русия наметавонист, шаҳрҳои моро ғасб кунад", - гуфт Мстислав Чернов дар саҳнаи тақдими ҷоизаҳо.

Беҳтарин филм дар ин маросим "Оппенгеймер" дониста шуд, ки дар бораи "падари бомбаи атомӣ" Роберт Оппенгеймер нақл мекунад.