Ҳалокати рекордии муҳоҷирон дар соли 2023

Акс аз бойгонист

Созмони байнулмилалии муҳоҷират рӯзи 6-уми март хабар дод, соли гузашта 8565 муҳоҷир ҷон бохтаанд. Ин нишондод дар давоми 10 соли охир бесобиқа аст.

Ба иттилои созмон, теъдоди онҳое, ки соли гузашта дар масири муҳоҷират ҷон бохтаанд, назар ба соли 2022 бист дарсад бештар аст.

"Ин омор бозгӯйи он аст, ки барои пешгирӣ аз ҳалокати одамон бояд чораҳои фаврӣ андешида шавад", - гуфтаанд масъулони созмон.

Масири хатазо барои муҳоҷирон сафар тавассути Баҳри Миёназамин гуфта шудааст.

Соли гузашта дар ин масир 3129 кас ҷон бохтаанд.