Пулиси Қазоқистон хонаи як ҳомии ҳуқуқро кофтукоб кардааст

Мошини пулис

Маъмурони пулиси вилояти Қарағандаи Қазоқистон хонаи раиси созмони ҳуқуқи башари АвруОсиё Жаслан Айтмаганбетовро бозҷӯӣ кардаанд.

Айтмаганбетов дар як нишасти хабарии онлайн дар ин бора хабар дод.

Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқ, пулиси Қарағанда дар робита ба як мавриди қаллобӣ парванда боз кардааст ва дар ҳоли ҳозир ӯ дар доираи он ҳамчун шоҳид иштирок дорад. Маъмурони пулис дар пайи бозҷӯии манзили зист телефон, ноутбук ва баъзе аз санадҳои ҳомии ҳуқуқро бо худ бурдаанд.

"Ҳудуди 30 корманди пулис хона, коргоҳ ва манзили зисти як коргарамро бозҷӯӣ карданд. Гуфтанд, ки телефон, "флешка" ва ноутбукамро мекобанд. Ҳамаашро додам. Вале бозҷӯиро идома дода, китобҳои динӣ, аз ҷумла китоби Қуръон ва як китоби Инҷилро, ки ба коргари собиқам тааллуқ дошт, бо худ бурданд. Ҳатто сипосномаро аз сафорати Фаластин низ гирифтанд", - изҳор дошт вай.

Дар пулиси Қарағанда ба хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, қазияро дертар шарҳ медиҳанд. Айтмаганбетов вақтҳои охир шикоят мекард, ки афроди ношинос ба ӯ таҳдид мекунанд.