Тошиев ягона номзад ба мақоми раисии Иттиҳод буда, ширкатдорони анҷуман ба ҷонибдории ӯ “якдилона” раъй доданд. Номзадии Тошиевро дастаи футболи "Талант"-и он Қирғизистон пешниҳод карда буд.
"Дар саросари кишвар корҳо дар самти тақвият бахшидани пойгоҳҳои техникӣ ва моддӣ, таъмиру бунёди майдонҳои футболу марказҳои тамринӣ пурзӯр карда мешаванд. Вазифаи асосии ман ҳамчун раиси Иттиҳоди футболи Қирғизистон фароҳам кардани шароити зарурӣ аст," -- изҳор дошт Тошиев баъд аз интихоб шуданаш ба мақоми раиси Иттиҳоди футболи Қирғизистон.
Қамчибек Тошиев то моҳи апрели соли 2026 дар ин мақом кор хоҳад кард. Ӯ дар ҳоли ҳозир дар баробари раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон будан муовини раиси Девони вазирони он кишвар низ ҳаст.
Пештар президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) ба Тошиев пешниҳод карда буд, ки Иттиҳоди футболи ин кишварро роҳбарӣ кунад. Ба гуфтаи Ҷабборов, агар раиси Иттиҳод назорати сахтро амалӣ насозад, ба даст овардани натиҷа осон нахоҳад буд.
Президенти Иттиҳоди футболи Қирғизистон Медербек Сиддиқов рӯзи 29-уми январи имсол истеъфо дод. Сабаби асосии истеъфои вай бохти тими миллии Қирғизистон дар Ҷоми Осиё дар Қатар гуфта шуд.
Федератсияи футболи Қирғизистон соли 1992 ташкил шудааст. Ин федератсия дар соли 2019 ба Иттиҳоди футболи Қирғизистон табдили ном кард.