"SOS" Замимае барои пешгирӣ ва огаҳӣ аз офатҳои табиӣ

Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯянд, ба зудӣ дар кишвар барномаи мобилие дастрас мешавад, ки ба сокинон барои пешгирӣ аз хатари офатҳои табии ва сари вақт огоҳшудан аз ҳолатҳои фавқулода кӯмак мекунад.

Замимаи “SOS” барои телефонҳои ҳушманд аз сӯйи муттахасисони Кумита ва дар якҷоягӣ бо ширкати миллии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ таҳия шудааст. Ҳоло он дар марҳилаи санҷишӣ қарор доштааст. Баъди ба истифода дода шудан, соҳибони телефонҳои ҳушманди навъи Android ва IOS метавонанд ин замимаро дар телефонҳои худ насбу истифода кунанд.

Дар замима ба гуфтаи масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, тамоми маълумоти зарурӣ барои бехатарии одамон дар ҳолатҳои изтирорӣ, аз ҷумла тарзи дурусти рафтор ҳангоми сар задани ҳодисаҳои табиӣ пешниҳод шуда, корбаронро роҳнамоӣ хоҳанд кард, ки дар чунин ҳолат қабл аз ҳама чӣ кор кунанд.

Замима аз маводҳои тасвирии омӯзишӣ ва машваратӣ иборат буда, метавонистааст, корбаронро сари вақт аз эҳтимоли сар задани офатҳои тибии ва тағйирёбии обу ҳаво огоҳ кунад.

Ба гуфтаи муттахассисон дар замима маълумоти муҳим бо роҳи содаву фаҳмо ба корбарон пешниҳод шудааст. Ба бовари таҳиягарон бо истифодаи замима сокинон метавонанд, бехатарии худ ва наздиконашонро таъмин кунанд.

Барномаи “SOS” барои телефонҳои ҳушманд дар доираи як тарҳ аз сӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ таҳия шудааст.

Дар Тоҷикистон, ки як кишвари осебпазир дар баробари фалокатҳои табиист, ҳамасола даҳҳо сокин дар пайи селу тарма зарар мебинанд ва ё дар ин ҳодисаҳои табии ҷони худро аз даст медиҳанд.