Низомиёни Исроилӣ хабарнигоронро ба ин нақб бурданд, ки 700 метр дарозӣ дошта, дар умқи 20 метр ҷойир аст. Дар таҳхонаи Оҷонсии СММ дар умури кӯмак ба паноҳандаҳои фаластинӣ, биноҳое пайдо кардаанд, ки дар он шабакаҳо ва таҷҳизоти компютерӣ ҷой карда шудаанд.
Ба иддаои низомиён, ин ҷо маркази иктишофии ҲАМОС будааст ва чунин биноҳо ҳамчунин дар таҳхонаи як мактаби таҳти назорати оҷонсии СММ ошкор шудааст.
Дар дохили бинои оҷонсӣ аслиҳа ва лавозимоти ҷангии "Ҳамос" ёфт шудааст, ки эҳтимолан пас аз тарк кардани кормандони UNRWA аз қароргоҳашон, он ҷо ҷой карда шудаанд.
Филип Лазарини, комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагони фаластинӣ, дар шабакаи Х гуфт, Оҷонсӣ аз марказҳое, ки дар таҳхонаи дафтари онҳо ҷойгир буд, хабар надошт. Вай таъкид кард, ки тамоми кормандони Оҷонсӣ аз рӯзи 12- уми октябр корро дар он ҷо қатъ кардаанд. “Гузоришҳои расонаҳо таҳқиқи мустақилонаро талаб мекунанд, ки анҷом додани он дар шароите, ки амалиёти ҷангӣ идома дорад, ғайриимкон аст”, - афзуд Лазарини.
Оҷонсии СММ дар умури паноҳандагони фаластинӣ дар Ғазза моҳи январ дар маркази як моҷарои азиме қарор гирифт, чун шубҳае ба миён омад, ки чанде аз кормандони он дар ҳамлаи рӯзи 7 октябри соли 2023 ба Исроил даст доштанд. Дар пай бархе аз кишварҳо эълон карданд, ки ёрии молии худро ба ин идораи СММ қатъ мекунанд.