Ин заминро дар охири солҳои 90-ум Шабакаи Оқохон харида буд. Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, рӯзи 8-уми феврал гуфт, "ҳангоми додани замин ба хориҷиҳо ба хато роҳ додаанд.”
“Қонунгузор ҳангоми додани қитъаи замин ба шахсони хориҷӣ муҳлат муайян кардааст. Мақомоти маҳаллӣ ҳангоми додани замин ба хатоҳои ҷиддӣ роҳ додаанд ва ин боис ба аризаи даъвоӣ гардид," – афзуд ӯ.
Пештар додситонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешниҳод карда буд, ки иҷозаномаи истифода аз замини Донишгоҳи Осиёи Марказӣ беэътибор дониста шавад.
Шабакаи Оқохон ҳеч гоҳ вокуниш накардааст. Дар гузашта чанд сокини Хоруғ гуфта буданд, ки ин Шабака замини онҳоро дар маҳаллаи Даштак ба нархи 70-75 ҳазор доллар харид ва ҳеч шикоят надоранд.
Рустам Мирзозода мегӯяд, "аллакай ҳукми додгоҳ ба иҷро даромад.”
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар соли 2000-ум таъсис ёфт. Зери созишномаи таъсиси он президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ва Шоҳзода Карим Оқохони 4, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, имзо кардаанд.
Ин донишгоҳ ягона муассисаи Шабакаи Оқохон нест, ки мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд моликияташро давлатӣ кунанд. Дар соли 2023 Литсейи Оқохон дар шаҳри Хоруғ давлатӣ шуд.
Пеш аз он меҳмонхонаи “Серена”, вобаста ба Шабакаи Оқохон (AKFED), дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ ҳам ба фоидаи давлат гузаронда шуд. Боғи марказии фароғатии шаҳри Хоруғро, ки зери сарпарастии Бунёди Оқохон буд, ба моликияти давлатӣ табдил доданд. Ин созмони зери назари Оқохон то кунун дар бораи ин амалкарди мақомот ва давлатӣ шудани амволҳои зерсохторҳояш расман чизе нагуфтааст.