Мақомоти Қазоқистон рӯзи 7-уми феврал гуфтанд, ки даҳҳо шаҳрванди бандмондаи Тоҷикистонро аз асорати барфу сардӣ дар вилояти Оқтеппа наҷот доданд.
Ба иттилои онҳо, мусофирбари ҳомили муҳоҷирон дар шоҳроҳи Самара-Чимкент вайрон шудааст.
“68 нафар ҳастанд, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 14 зан ва 4 ноболиғ,” -- гуфта шудааст дар хабари расмии пулиси Қазоқистон.
Пулис мегӯяд, маъракаи наҷоти тоҷикистониҳо ду соат идома кард ва онҳоро ба ҷойи гарм бурда, хӯроки гарм доданд.
Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик ба сабаби арзонӣ ба воситаи мусофирбарҳо ва тариқи Қазоқистон ба Русия мераванд. Вале дар айёми сармо ва ҳангоми вайрон шудани мусофирбар дар вазъияти ногувор мемонанд.