Ҳодиса рӯзи 7-уми феврал, як рӯз пеш аз интихоботи порлумонии Покистон, дар дафтари номзадҳо рӯй дод. Мақомот гуфтанд, даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.
Таркиши аввал дар ноҳияи Пишин, дар наздикиҳои сарҳад бо Афғонистон, рух дод. Дар натиҷаи он дастикам 12 нафар кушта ва 30 тани дигар маҷруҳ шуданд.
Ходими амниятии вилояти Балуҷистон ба Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, гуфт, таркиш дар наздикиҳои дафтари номзад ба интихобот ва собиқ вазири вилоятӣ Исфандиёрхон Кокар рух дод. Худи номзад дар ҳамла осеб надидааст.
Таркиши дуюм дар ноҳияи Қилла Сайфуллоҳ, наздикии дафтари кории Мавлоно Абдулвосеъ рух дод. Ӯ номзади ҳизби динии “Ҷамъияти уламои ислом” аст, ки аъзояш дар гузашта ҳам мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд. Дар ин ҳодиса беш аз 10 нафар кушта шудаанд.
Ҳанӯз ҳеч гурӯҳ масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳамлаҳои маргбор дар арафаи интихоботи Покистон
Дар ин минтақа дар чанд моҳи охир чанд гурӯҳ, аз ҷумла, “Артиши озодихоҳи Балуҷистон”, гурӯҳи исломии “Таҳрики Толибони Покистон” ва гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳамлаҳо анҷом додаанд.
Сухангӯи кумисюни интихоботӣ бо нашри изҳороте гуфт, “Кумисюни интихобот аз раҳбарони вилояти Балуҷистон тақозо кард, ки билофосила гузориш диҳанд ва алайҳи омилони ин ҳамлаҳо чораҷӯӣ кунанд”.
Дар остонаи интихобот мизони хушунат дар Покистон афзоиш меёбад.
Рӯзи 5-уми феврал ҳам дар сарҳад бо Афғонистон дар ҳудуди шаҳри Дараи Исмоилхон дар вилояти Хайбар Пахтунхоҳ даҳ афсари полис кушта шуд. Моҳи январ дар Балуҷистон чор афсари полис ва ду мулкӣ аз дасти ҳамлагарони “Артиши озодихоҳи Балуҷистон” кушта шуданд.