"Аз вакилоне, ки бетараф нестанд, хоҳиш мекунам дар бораи парвандаи мо кумисюни депутатӣ таъсис диҳанд. Инҷо ҳуқуқи одамони бегуноҳ поймол мешаванд. Агар ин ҳолат давом кунад, дигар кишвари ҳуқуқбунёд нахоҳем буд", - гуфт рӯзноманигор.
Вай илова кард, ки ҳамроҳи рӯзноманигорони дигар барои он боздошт шудааст, ки соли 2023 матлаберо дар расонаҳои марбут ба тарҳи Temirov LIVE нашр кард. Вай гуфт, қариб ду сол боз дигар дар тими Temirov LIVE нест. Асипбеков афзуд, ӯро бе сабаб боздошт кардаанд.
Додгоҳи шаҳри Бишкек рӯзи 5-уми феврал шикояти вакилони мудофеи чанд рӯзноманигори боздоштшударо баррасӣ кард. Вакилон аз додгоҳ хоста буданд, ки рӯзноманигорони ҳозира ва пешинаи тими Temirov LIVE аз боздошт раҳо шаванд. Додгоҳ ҳеч кадом аз ин шикоятҳоро напазируфт. Рӯзноманигорони боздоштшуда дар додгоҳ гуфтанд, айбе надоранд.
Мақомоти Қирғизистон рӯзи 16-уми январи имсол 11 рӯзноманигори пешин ва ҳозираи тими Temirov LIVE-ро боздошт карданд. Додгоҳе дар шаҳри Бишкек ҳамаи онҳоро то ду моҳ ба ҳабс гирифт.
Вазорати корҳои дохилии он кишвар боздоштшудаҳоро ба даъват ба бетартибии оммавӣ айбдор кард. Дар навбати худ муассиси тарҳи Temirov LIVE Болот Темиров гуфт, рӯзноманигорон танҳо барои фаъолияташон боздошт шудаанд.
Чанд созмони байналхалқӣ, вакилони порлумон ва ҷомеаи рӯзноманигории Қирғизистон аз боздоштшудаҳо ҳимоят карданд. Онҳо аз мақомоти Қирғизистон хостанд, рӯзноманигоронро аз ҳабс озод ва таъқиби ҷиноии онҳоро бас кунанд.