Мақоми дувуми Узбекистон дар раддабандии фурӯши тилло

Узбекистон соли 2023 дар миёни кишварҳое, ки дар ҷаҳон аз ҳама бештар тилло фурӯхтаанд, мақоми дувумро касб кардааст.

Дар ин бора дар ҳисоботи World Gold Council (Шӯрои ҷаҳонии тилло) зикр шудааст.

Ба иттилои манбаъ, Узбекистон соли гузашта 25 тонна тило фурӯхтааст. Ин камтар аз нисфи тилои фурӯхтаи Қазоқистон дар соли 2023 аст, ки дар раддабандии мазкур мақоми аввалро гирифтааст.

Чин кишваре номида шудааст, ки соли гузашта аз ҳама бештар тилло харидааст. Ин кишвар соли 2023 230 тонна тило харидорӣ кардааст.

Дар раддабандӣ баъди Чин, Лаҳистон, Сингапур, Либия ва Чехия қарор доранд.